Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Панҷшанбе, 16 мая. 2024
24.6°C

Худжанд

Машғулияти навбатии курси бозомӯзӣ идома дорад

Дар машғулияти навбатӣ Саидов Саидаҳрор Алиевич – омӯзгори курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Иттифоқҳои касабаи вилоят дар мавзӯи “Қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат” ба шунавандагон дарс гуфт.

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ИДИ КАСБӢ

Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август Рўзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат санаи 10 августи соли 2023 дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят чорабинии идона ба муносибати Рўзи кормандони соҳаи сохтмон доир гардид. Дар чорабинӣ собиқадорони соҳа, фаъолон ва кормандони соҳаи сохтмон иштирок намуданд.

Машғулияти навбатии курси бозомӯзии Иттифоқҳои касаба

Машғулияти навбатии курси бозомӯзӣ аз санаи 07 августи соли ҷорӣ оғоз гардид. Ба машғулияти навбатӣ 17 нафар шунавандагон аз ҳисоби масъулони ҳифзи меҳнати корхонаю ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ, комплекси агросаноатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷалб карда шуданд.

Баргузории семинар-машварат дар истироҳатгоҳи «Суғд»

Санаи 07 августи соли ҷорӣ дар Маркази солимгардонии “Суғд” семинари бозомўзии раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, нозирони меҳнату ҳуқуқ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии навинтихобгашта баргузор гардид.

ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Тибқи иҷрои қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба эълон намудани “Соли 2023- Соли ҳифзи меҳнат” ва қарори Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят “Дар бораи баргузор намудани озмунҳои вилоятӣ” дар толори хурди Шўро ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа раисон ва нозирон ҳифзи меҳнати кумитаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НОЗИРОНИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Дирўз таҳти роҳбарии муовини раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Толибҷон Оқилов ҷаласа бо иштироки нозирони ҳифзи меҳнати кумитаҳои соҳавӣ баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ

Тибқи қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба эълон намудани “Соли 2023 – Соли ҳифзи меҳнат” ва Нақшаи чорабиниҳои Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар толори хурди Шўро семинари омўзишӣ баргузор гардид. Дар семинар раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳаи фарҳанг, нозирон ва мутахассисони ҳифзи меҳнати соҳа иштирок намуданд.

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ВИЛОЯТ ШАРИФУЛЛО АБДУЛЛОЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБӢ

Шукрона, ки сол аз сол ва рўз то рўз кишвари мо ба макони зебову дилкаш мубаддал гардида, дар арсаи ҷаҳон онро ҳамчун мамлакати мутараққии ҷаҳон шинохтаанд.

БАРГУЗОРИИ ПЛЕНУМИ НАВБАТӢ

Дирўз дар толори хурди Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ баргузор гардид. 

ПОСУХ БА МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН

Ҳуқуқ ва вазифаҳои иттифоқҳои касаба

Иттифоқҳои касаба – ташкилоти ҷамъиятие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ муттаҳид намуда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба фаъолият мебарад.

РАЁСАТИ ШЎРО БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 20.07.2023 с. Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар Раёсат натиҷаи фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилоят дар нимсолаи якуми соли 2023, тасдиқи Нақшаи кори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми соли 2023, оид ба раванди иҷрои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” ва дар бораи иҷрои Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 баррасӣ гардид.