Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Чоршанбе, 15 мая. 2024
24.6°C

Худжанд

РУШДИ ҲАМКОРӢ ВА ТАВСЕАИ ДӮСТӢ

Дирӯз бо даъвати Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Русия Раиси Шӯрои иттифоқҳои касбаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода  ба шаҳри Екатеринбург сафари корӣ анҷом дод.

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ВИЛОЯТӢ

Субҳи имруз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд раёсати кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилоят баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НОЗИРОНИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Субҳи имруз таҳти роҳбарии муовини раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Толибҷон Оқилов ҷаласа бо иштироки нозирони ҳифзи меҳнат ва нозирони ҳуқуқи кумитаҳои соҳавӣ баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ВИЛОЯТӢ

Санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Раёсати васеъи кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Сафари кории намояндагони иттифоқҳои касаба

Дар доираи сафари кори раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода бо консули Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Саидзода ва диаспораи тоҷикон дар шаҳри Екатерингбург вохӯрӣ намуд.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО 

Дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, сокинони маҳаллаи “Хуҷанд” ва аъзоёни иттифоқи касабаи соҳаҳои гуногун баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШЎРО

Санаи 29.01.2024. дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода раёсати Шўро баргузор гардид.

СОЛИ 2024 - СОЛИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ

Санаи 25.01.2024 дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд таҳти сарварии муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҷаласаи васеи корӣ оид ба вазъи шарикии иҷтимоӣ дар вилоят баргузор гардид.  

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ

 

Мафҳум ва моҳияти суғуртаи иҷтимоӣ дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин маънидод гардидааст:

  1. Суғуртаи иҷтимоии кормандон дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Санаи 22 январи соли 2024 дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо мақсади гиримидошти 100 - солагии собиқадори ҷангу меҳнат Боқиев Ҷаббор Сангинович Конференсисияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Паёми Президент- роҳнамои зиндагии шоиста

Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки кормандони донишгоҳ мулоқот ҷиҳати таблиғи нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими барномавӣ ва муайянкунандаи самти сиёсати давлатдорӣ буда, ифодаи равшани рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммали фаъолияти ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

ОМИЛҲОИ ПЕШРАВӢ

Мусоҳиба бо раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода

–Муҳтарам раис, мегуфтед, ки Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят соли рафтаро бо чӣ дастовардҳо ба поён расонид?

–Фаъолияти ҳамешагӣ ва пешқадамонаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ назаррас буда, баҳри иҷрои вазифаҳои оинномавӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Алалхусус, дар самти амалӣ намудани “Созишномаи минтақавии байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2021-2023” ва нақшаи чорабиниҳои созишномаи мазкур, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят равон гардидааст, тадбирҳо андешида шуданд. Аз ҷумла, бо фармоиши муштараки Шўро ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят «Доир ба мониторинги рафти татбиқи созишномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ, ва шартномаҳои коллективӣ» ба имзо расида, комиссияи муштарак аз ҳисоби мутахассисони Раёсат ва Шўрои иттифоқҳои касаба таъсис дода шуд. Аъзои гурўҳи корӣ ба ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо мунтазам ташриф оварда, рафти иҷрои созишнома ва шартномаҳои коллективиро мавриди таҳлил қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо ва дастурҳои методӣ медиҳанд.