Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Чоршанбе, 15 мая. 2024
24.6°C

Худжанд

Иштироки ҳайати Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд

Иштироки ҳайати Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар Конференсияи байналхалқии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон.

Акибгохи комитети иттифоки касаба мустахкам намудани алока ва хамфикрй дар Исфара

Дар толори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Исфара ҷаласаи сайёри кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ҷамъиятӣ ва бонкӣ баргузор гардид.

РАЁСАТИ ШЎРО БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 11.10.2023. Раёсати Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар Раёсат натиҷаи фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилоят дар нуҳ моҳи соли 2023, рафти иҷрои Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳоктитяти давлатии вилояти Суғд, Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2021-2023, ҷамъбасти мавсими истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2023”, натиҷаи ҷамъбасти озмунҳои «Беҳтарин ташкилот оид ба ҳифзи меҳнат» ва “Беҳтарин нозир (сарнозир)-и ҳифзи меҳнати кумитаи вилоятии иттифоқи касаба, рафти обуна ба рўзномаи соҳавӣ “Кошонаи умед” барои соли 2024 ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти иттифоқҳои касаба баррасӣ гардид.

Пленуми Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ баргузор гардид

Санаи 27 декабри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Пленуми Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ баргузор гардид.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Фаъолияти Иттифоқҳои касаба дар кишвари Тоҷикистон, аз ҷумла Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз бар дӯши ин ниҳод вогузор шудааст.

Дарси навбатии курси захираи кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Хуҷанд

Дарси навбатии курси захираи кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Хуҷанд

бо иштироки Шарифулло Абдуллозода-раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд.

Хуҷандиёни азиз!

Боиси ифтихори мардуми сарбаланди Тоҷикистон аст, ки Хуҷанди бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчун маркази илму адаб ва фарҳангу тиҷорат машҳури олам гардидааст ва аз ин ҷо Роҳи бузурги абрешим мегузашту шарқро бо ғарб мепайвастанд. Таърихшиносони қадим Хуҷандро «Тирози ҷаҳон» ё «Арӯси даҳр» номида, аз мардуми бофарҳанги он ёдовар шудаанд. Хуҷанд ҳамчун шаҳри таърихан куҳани Осиёи Марказӣ, аз рӯи тадқиқоти олимони бостоншинос, таърихшиносону меъморон чанд давраи бобаракаташро аз сар гузаронидааст, ки дар китобҳои таърих аз кордониву ҳунармандӣ, донишёриву ҷаҳоншиносии беназири мардуми сарбаланди Хуҷанд дар ҳамаи давру замонҳо ёд мекунанд.

Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Имрўз санаи 21.09.2023. таҳти роҳбарии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон ҷаласаи навбатии гуруҳи корӣ оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон намудани «Соли 2023 – соли ҳифзи меҳнат» баргузор гардид.

Иштироки кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят дар маъракаи пахтачинӣ

Иштироки кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят дар маъракаи пахтачинӣ

Таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Конибодом

Бахшида ба 32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Конибодом чорабинии идона баргузор гардид.

Табрикоти раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иди Истиқлол аз ҷашнҳои пуршукӯҳ ва муқаддаси миллат маҳсуб мешавад, зеро он заминаи асосии озодӣ, мустақилият, ободӣ ва рушди Тоҷикистони азизи мост. Солҳои соҳибистиқлолии кишварро метавон ҳамчун солҳои пур аз файзу нишот, пешрафту ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ маънидод кард, ки ин ҳама дастовардҳои назаррас тавассути сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 07 сентябри соли ҷорӣ дар радифи силсила чорабиниҳои тантанавӣ, тарғиботиву ташфиқотӣ, илмиву фарҳангӣ ва сиёсӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят чорабинӣ баргузор гардид.