КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаҳои 11–12 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Меҳнати бехатар ва шоиста: нақши иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон» баргузор гардид.
Дар конференсия муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Яъқубӣ Муҳиддин Шавкат иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба назорати иттифоқҳои касаба аз болои риояи талаботи ҳифзи меҳнат, ҳамкорӣ бо мақомоти бозрасии меҳнат, роҳҳои пешгирии хатарҳои касбӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар ҷойҳои корӣ ибрози назар намуд. Зимни суханронӣ оиди дастовардҳои иттифоқҳои касаба дар самти ҳифзи меҳнат, таъмини шароити бехатар ва солими корӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон ва таҳкими ҳамкориҳои иҷтимоӣ маълумот дода шуд.
Инчунин дар доираи вохӯриҳо ва муҳокимаҳои корӣ иштирокчиён доираи васеи масъалаҳои мубрами соҳаи меҳнат ва фаъолияти иттифоқҳои касабаро баррасӣ намуданд, аз ҷумла:
- нақши иттифоқҳои касаба дар ташаккули сиёсати давлатӣ, рушди муколамаи иҷтимоӣ ва пешгирии хатарҳои меҳнатӣ;
- нақши иттифоқҳои касаба дар ташаккули сиёсати соҳаи ҳифзи меҳнат ва фароҳам овардани муҳити бехатари меҳнат;
- муколамаи иҷтимоӣ ва идоракунии хатарҳои касбӣ;
- нақши иттифоқҳои касаба дар раванди гузариш ба «иқтисоди сабз»;
- рақамикунонӣ ва автоматизатсияи равандҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо;
- тақвияти иқтидори ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар самти ҳифзи меҳнат;
- шаклҳои нави шуғл, аз ҷумла шуғли платформавӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон;
- аҳамияти Конвенсияи №193-и ТБМ барои расмикунонии шуғл ва нақши давлат, корфармоён ва иттифоқҳои касаба дар таъмини шароити одилонаи меҳнат;
- пешбурд ва татбиқи Конвенсияи №190-и ТБМ оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани зӯроварӣ ва таъқиб дар ҷаҳони меҳнат.
Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои татбиқи муқаррароти конвенсияҳои байналмилалии меҳнатиро дар қонунгузорӣ ва амалия, инчунин робитаи онҳоро бо таъмини ҷойҳои кории бехатар, солим ва аз зӯроварӣ ва таъқиб озод мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Конференсия ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар самти ҳифзи меҳнат мусоидат намуда, барои таҳкими ҳамкории самараноки иттифоқҳои касаба бо мақомоти давлатӣ ва корфармоён заминаи мусоид фароҳам овард.
Тоҷикӣ
Русский
English 

