Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Сешанбе, 14 мая. 2024
20.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР

Субҳи имрӯз дар толори Маркази таълимии "Бонки миллии Тоҷикистон" бо ташаббуси ТБМ (МОТ) семинар барои роҳбарони иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ таҳти мавзӯи:

ҶАЛАСАИ V ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Санаи 13 майи соли ҷорӣ дар толори "Бӯстонсарои Суғд" бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи V-уми Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

ИСТИҚБОЛИ ҲАЙАТИ МЕҲМОНОН АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН, ҚАЗОҚИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 11-12 майи соли ҷорӣ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо ва раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд – Шарифулло Абдуллозода намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, намояндаҳои Ташкилоти Байналмиллалии Меҳнат ва Осиёи Марказиро, ки дар ҷаласа иштирок менамоянд, истиқбол намуданд.

МАРОСИМИ ГУЛЧАМБАРГУЗОРӢ БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБ

 Субҳи рузи 8-уми май бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии тантанавї баргузор гардид.

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ ШӮРО ДАР ЯРМАРКАИ ҶОИ КОРИ ХОЛӢ

Имрӯз, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш-фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир гардид.

МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

Санаҳои 1- 2 майи соли 2024 вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва “Соли 2024 – соли шарикии иҷтимоӣ”, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти равандҳои номатлуби ҷоҳони муосир, тарғибу ташвиқи аънана, суннат ва фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои даврони истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ, худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳо ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа  дар деҳаҳои Логин, Хайрободи ноҳияи Зафаробод ва дар маҳаллаҳои Суғдиён, Мирзо Турсунзода ва Бӯстони шаҳраки Зафаробод бо аҳолӣ мулоқотҳо доир карда шуданд.

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТКАШОН

 Дар доираи чашни  рузи Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ва амалӣ намудани “Соли 2024 – соли маърифати ҳуқуқӣ” санаи 1 майи соли 2024 дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки фаолон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони масъули иттифоқҳои касабаи вилоят чорабонии тантанавӣ баргузор гардид.

МУРОҶИАТНОМАИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ ЯКДИЛИИ МЕҲНАКАШОН - 1 МАЙ

Дар раванди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, 1-Май  санаи рамзӣ ва таҷасумгари ҳамрайъӣ ва якдилӣ маҳсуб меёбад.

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

 Санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар доираи нақшаи кори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо ташаббуси Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳияи Мастчоҳ дар толори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раисони иттифоқи касабаи ташкилоту муассисаҳо аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

МУРОҶИАТНОМАИ Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба муносибати 28 апрел – Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон иброз менамояд, ки бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҳамасола 28-апрел ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат таҷлил карда мешавад.

ВОХЎРӢ БО ДОНИШҶЎЁН

Санаи 23 апрели соли ҷорӣ дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд вохўрии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд - Абдуллозода Ш.Б ва роҳбарияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд бо донишҷўёни коллеҷҳои тиббии вилояти Суғд баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ

 Санаи 23 апрели соли 2024 таҳти роҳбарии раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор гардид.