Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 9 окт. 2026
14.6°C

Худжанд

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ҲАРАКАТИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА: ДАСТОВАРДҲО, МАСЪУЛИЯТ ВА УФУҚҲОИ НАВ

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ҲАРАКАТИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА: ДАСТОВАРДҲО, МАСЪУЛИЯТ ВА УФУҚҲОИ НАВ

Дирӯз ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлол ва рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба: дастовардҳо, масъулияти иҷтимоӣ ва уфуқҳои нав» баргузор гардид.

Ҳамоиш таҳти шиори «Меҳнати арзанда - заминаи зиндагии шоиста, шарикии иҷтимоӣ - кафили суботи муносибатҳои меҳнатӣ» роҳбарону фаъолони иттифоқҳои касаба, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону коршиносон, собиқадорон ва аҳли ҷомеаро ба ҳам овард.

Қабл аз оғози конфронс иштирокчиён аз намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин китобу осори илмии марбут ба таърихи давлатдории миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва фаъолияти ҳаракати иттифоқҳои касаба боздид намуданд.

Сипас филми ҳуҷҷатии «Аз таърих то Истиқлол: роҳи тайкардаи Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд» манзури ҳозирин гардид.

Кори конфронсро Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ифтитоҳ намуда, доир ба нақши Истиқлол дар ташаккули марҳилаи нави фаъолияти иттифоқҳои касаба, рисолати иҷтимоии ин ниҳод ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аҳли меҳнат изҳори назар кард.

Дар кори ҳамоиш намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - Муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии ӯ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ, балки имконияти ташаккули низоми мустақили иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро фароҳам оварда, дар ҳамин замина мақому рисолати иттифоқҳои касаба низ мазмуну муҳтавои нав касб намуд. Дар ҷомеаи муосир иттифоқҳои касаба ҳамчун пули эътимод миёни корманд, корфармо ва давлат ва яке аз ниҳодҳои муҳими таъмини адолати иҷтимоӣ арзёбӣ мегарданд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба масъалаи шарикии иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки ҳамкории давлат, корфармо ва иттифоқҳои касаба бояд на танҳо дар доираи санаду созишномаҳо, балки дар ҳалли мушкилоти воқеии корманд, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ, таъмини музди арзанда, бехатарии ҷойи кор ва дастгирии иҷтимоӣ натиҷаи амалӣ диҳад.

Сипас намояндаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Умаров Худойдод табрикоти Раиси Федератсияи иттифоќҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муҳтарам Чиллазода Ќарахонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, қайд кард, ки дастовардҳои сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ пеш аз ҳама самараи меҳнати содиқонаву созандаи мардуми кишвар мебошанд. Ҳар як корхонаи нав, роҳу нақб, неругоҳ, муассисаи таълимиву тандурустӣ ва иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бо заҳмати аҳли меҳнат бунёд гардидааст. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба инсон ва меҳнати ӯ яке аз рукнҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Дар ин раванд иттифоқҳои касаба ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии кормандон, таҳкими адолати иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат ва рушди шарикии иҷтимоӣ нақши назаррас доранд.

Сипас Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода дар мавзуи «Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар даврони Истиқлол: дастовардҳо, ташаббусҳо ва дурнамои фаъолият» маъруза намуд.

Дар маъруза таъкид гардид, ки даврони Истиқлол барои ҳаракати иттифоқҳои касаба марҳилаи тағйироти амиқи сохториву мазмунӣ гардидааст. Ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ, шарикии иҷтимоӣ, таҳкими ташкилотҳои ибтидоӣ, такмили ихтисоси кадрҳо, фарогирии бахши хусусӣ, мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ ва истифодаи имкониятҳои рақамӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти муосири иттифоқҳои касаба арзёбӣ шуданд.

Яке аз маърузаҳои меҳварии конфронс суханронии сиёсатшинос, сардабири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» Абдуллои Раҳнамо дар мавзуи «Нақши ҳаётии Истиқлол ва давлатдории миллӣ дар сарнавишти таърихии тоҷикон» буд.

Мавзуи мазкур доираи баҳси конфронсро аз масъалаҳои танҳо соҳавӣ фаротар бурда, масъалаи фаъолияти ниҳодҳои иҷтимоиро бо сарнавишти давлат ва миллат пайванд дод. Аз нигоҳи таҳлилӣ, аҳаммияти чунин баррасӣ дар он аст, ки фаъолияти муассири ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди муносибатҳои солими меҳнатӣ маҳз дар фазои давлати соҳибистиқлол, сулҳу субот ва волоияти қонун имкони воқеии рушд пайдо мекунанд.

Ба ин маънӣ Истиқлол, давлатдорӣ, ҷомеа ва инсон мафҳумҳои ҷудогона набуда, ҳалқаҳои як занҷири ягонаанд. Ҳар қадар пояҳои давлатдорӣ устувор бошанд, ҳамон андоза барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти созандаи ниҳодҳои иҷтимоӣ шароити бештар фароҳам меояд. Маҳз ҳамин паҳлу ба муҳокимаҳои конфронс мазмуни фарохтари таърихиву сиёсӣ бахшид.

Ҳамчунин доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Саидов Шӯҳрат дар мавзуи «Занон ва ҷавонон - неруи созанда дар рушди ҳаракати муосири иттифоқҳои касаба» суханронӣ намуд.

Дар бахши муҳокима иштирокчиён оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, рушди шарикии иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ворисияти кадрҳо, иштироки фаъолонаи занону ҷавонон ва мутобиқ намудани фаъолияти иттифоқҳои касаба ба талаботи замони муосир мубодилаи афкор карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Қатъномаи Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ «Истиқлол ва рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба: дастовардҳо, масъулияти иҷтимоӣ ва уфуқҳои нав» қабул гардид. Баъд аз қабули Қатънома Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба иштирокчиёни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ - 1 сентябр қироат карда шуд.

Қироати Муроҷиатнома дар ҳамоише, ки ба Истиқлол, меҳнат ва масъулияти иҷтимоӣ бахшида шуда буд, аҳаммияти рамзӣ дошт. Зеро сулҳу субот на танҳо арзиши бузурги миллӣ, балки шарти асосии меҳнати осоишта, фаъолияти устувори корхонаҳо, ҳифзи ҳуқуқи кормандон ва зиндагии шоистаи ҷомеа мебошад.

Дар идома ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касаба, собиқадорони меҳнат ва кормандони пешқадам қадршиносӣ гардида, ба онҳо ҳадяҳои идонаи Раиси вилояти Суғд ва Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон супорида шуданд.

Конфронс бори дигар нишон дод, ки ҳифзи Истиқлолу сулҳ, арҷгузорӣ ба меҳнат, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва рушди шарикии иҷтимоӣ пояҳои муҳими суботи ҷомеа ва зиндагии шоиста мебошанд.