БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ
Санаҳои 17–19 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинари мазкур бо мақсади ба низом даровардани раванди баҳисобгирии муҳосибӣ, таъмини ягонагии тартиби инъикоси амалиётҳои хоҷагидорӣ, баланд бардоштани шаффофият ва мутобиқати низоми баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотҳои иттифоқҳои касаба баргузор гардид. Дар семинари мазкур дар радифи муҳосибони ташкилотҳои ҳамузви Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон кормандони масъули муҳосиботи Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иштирок намуда, доир ба масъалаҳои марбут ба истифодаи барномаи 1С:Бухгалтерия, ба низом даровардани баҳисобгирии муҳосибӣ ва такмили малакаҳои касбӣ донишҳои худро такмил доданд.
Тоҷикӣ
Русский
English 

