БАРГУЗОРИИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА
Аз ҷониби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии масъулони соҳаи ҳифзи меҳнат, инчунин тақвияти дониши онҳо оид ба талаботи қонунгузорӣ ва таъмини бехатарии кормандон, мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар доираи чунин тадбирҳо дар ҶДММ «Тоҷир пласт» курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи таълимии «Ҳифзи меҳнат ва таъмини бехатарӣ дар ҷойи кор» баргузор гардид.
Ба машғулиятҳои омӯзишӣ сардорон ва масъулони Хадамоти ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарии ҶДММ «Тоҷир пласт» ҷалб гардида, донишу малакаи касбии худро такмил доданд.
Зимни машғулиятҳо ба шунавандагон оид ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи меҳнат, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва осебҳои истеҳсолӣ, муайян ва бартараф намудани хатарҳои эҳтимолӣ, инчунин таъмини шароити бехатару муносиб дар ҷойи кор маълумоти назариявӣ ва амалӣ пешниҳод гардид.
Пас аз азхуд намудани барномаи таълимӣ ва бомуваффақият супоридани корҳои санҷишӣ, ба шунавандагон Шаҳодатнома оид ба хатми курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисос супорида мешавад.
Тоҷикӣ
Русский
English 

