Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Чоршанбе, 14 окт. 2026
14.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШӮРО

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ШӮРО

Санаи 9 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи Раёсати Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ифтитоҳ намуда, оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ва аҳамияти баррасии саривақтии онҳо ибрози назар кард. Дар кори ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирок намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2026, ҷамъбасти мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026, инчунин рафти обуна ба рӯзномаҳои даврӣ барои соли 2026 ва дигар масъалањои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Шӯро дар нӯҳ моҳи соли 2026 муовини раиси Шӯро Яъқубӣ М.Ш. баромад намуд.

Ҳамзамон, оид ба ҷамъбасти мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026 Солиҷонова Қ.А. - мудири шуъбаи иқтисодию иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд маърӯза намуд.

Оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришњои раиси Федератсияи иттифоқњои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 4 августи соли 2026  ва қарори Раиси вилояти Суѓд № 224 аз 22 июли соли 2026 “Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рўзномаю маҷаллањои ҷумњуриявӣ, вилоятӣ ва мањаллӣ барои соли 2027” вобаста ба рафти обуна ба рӯзномаҳои даврӣ барои соли 2026 дар ташкилотҳои њамузви иттифоқҳои касабаи вилоят муовини аввали раиси Шӯро Обидзода Н.Ю. баромад карда, вазъи ин самтро мавриди таҳлил қарор дод.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои рӯзнома раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода аз шахсони масъул оид ба масъалаҳои баррасишаванда пурсишҳо ба амал оварда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини иҷрои босифати вазифаҳои дар пешистода дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки масъулин бояд барои дар сатҳи зарурӣ ва бо натиҷањои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2026, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва иҷрои саривақтии қарорҳои қабулгардида тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баромад намуда, оиди њамкорињои судманди Мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд ва Иттифоқњои касабаи вилоят ибрози ақида намуда, таъкид кард, ки иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии бонуфуз дар ҷомеа ҳамеша барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон фаъолият густурда дорад.

Ҳамзамон, мавсуф оид ба боз њам болоравии њаракати Иттифоқњои касаба, ҷалби њарчӣ бештари кормандон ба узвияти иттифоқҳои касаба, сари вақт ва бо риояи талаботи қонунгузорӣ бастани шартномаҳои коллективӣ байни корфармо ва кормандон ва дигарњо ибрози назар намуда, аҳаммияти таҳкими ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи шарикии иҷтимоӣ таъкид кард.

Дар идома, аз ҷониби раиси Шўро оиди боз њам вусъат бахшидани фаъолияти иттифоқњои касабаи соњавӣ, новобаста аз шакли моликият дар њамаи  ташкилоту муассисањо таъсис додани иттифоқњои касаба, аз байн бурдани қарздорӣ аз музди мењнати кормандон, пешгирӣ намудани њодисањои нохуш дар истењсолот, њарчӣ бештар ҷалб намудани кормандони масъул ва мутахассисони њифзи мењнат ба курсњои такмили ихтисос дастурњо дода шуд. Њамчунин масъулони Кумитањои соњавӣ вазифадор гардиданд, ки  камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлатҳои муқарраргардида бартараф намуда, ҷиҳати бо нишондаињандањои хуб ҷамбаст намудани соли 2026 тадбирњо андешанд

Аз рӯи масъалаҳои баррасӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.