Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 9 окт. 2026
14.6°C

Худжанд

АКСИЯИ «МЕҲНАТИ АРЗАНДА-КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАВА АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ»

АКСИЯИ «МЕҲНАТИ АРЗАНДА-КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАВА АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ»

7 октябр — Рӯзи ҷаҳонии меҳнати арзанда ҳамчун санаи муҳими байналмилалӣ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, таъмини шароити муносиб ва бехатари меҳнат, музди одилона ва таҳкими адолати иҷтимоӣ ҷалб менамояд.

Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар ин самт бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии меҳнати арзанда аксияи иттилоотию маърифатӣ таҳти унвони «Меҳнати арзанда — кафолати зиндагии шоиста ва адолати иҷтимоӣ» баргузор намуд.

Ҳадафи асосии аксия баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, тарғиби ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, фаҳмонидани аҳамияти риояи қонунгузории меҳнат, таъмини шароити бехатару солими меҳнат ва таҳкими мавқеи иттифоқҳои касаба дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон мебошад.

Дар рафти аксия ба кормандони касбу кори гуногун  ва шаҳрвандон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида, вобаста ба ҳуқуқҳои меҳнатӣ, уҳдадориҳои корманд ва корфармо, ҳифзи меҳнат, бехатарии истеҳсолӣ, музди меҳнат, вақти корӣ ва истироҳат, таъминоти иҷтимоӣ ва нақши иттифоқҳои касаба маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон, ба иштирокчиёни аксия маводи иттилоотӣ тақсим гардида, тавассути шиору варақаҳои иттилоотӣ ғояи меҳнати арзанда ҳамчун яке аз арзишҳои муҳими иҷтимоӣ тарғиб карда шуд.

Зимни суҳбатҳо таъкид гардид, ки ҳар як инсон ҳуқуқ дорад бо меҳнати худ зиндагии шоиста дошта бошад, дар муҳити бехатару солим фаъолият намояд ва аз ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии пешбининамудаи қонунгузорӣ бархӯрдор бошад.

Дар ин замина, иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди ҳимоякунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон дар пешбурди муносибатҳои одилонаи меҳнатӣ, беҳтар намудани шароити кор, таҳкими ҳифзи меҳнат ва рушди муколамаи иҷтимоӣ нақши муҳим доранд.

Баргузории аксияи «Меҳнати арзанда — кафолати зиндагии шоиста ва адолати иҷтимоӣ» бори дигар нишон дод, ки таъмини меҳнати арзанда масъулияти муштараки давлат, корфармоён, кормандон ва иттифоқҳои касаба буда, танҳо тавассути ҳамкории созанда метавон муҳити муносиби меҳнатиро фароҳам овард.

Ҳадафи чунин чорабиниҳо танҳо таҷлили як санаи байналмилалӣ набуда, балки баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ташаккули муносибати масъулона ба меҳнат мебошад.

Меҳнати арзанда — ҳуқуқи ҳар як инсон, кафолати зиндагии шоиста ва заминаи адолати иҷтимоӣ мебошад!