СЕМИНАР МАШВАРАТ
Санаи 15 феврали соли ҷорӣ дар асоси нақша чорабиниҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар партави эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ семинар-машварат оид ба “Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат” ва “Назорати ҷамъиятии ҳифзи меҳнат” бо раисони кумитаҳои иттифоқи касаба ва муҳандисони техникаи бехатарии ташкилотҳои зерсохтори кумитаи иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва масолеҳи бинокории вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Оқилов Толиб Дадоҷонович иштирок ва баромад намуд.
Раҳимов Расул Бобоҷонович - раиси кумитаи иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва масолеҳи бинокории вилояти Суғд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” маърўза намуд.
Инчунин, Ҷамолов Хайруллохон Ғайбуллоевич - раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд вобаста ба эълон гардидани “Соли 2024 – соли шарикии иҷтимоӣ” ва баргузории озмунҳои вилоятӣ ва Бобоев Самъидин – нозири меҳнати кумитаи иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва масолеҳи бинокории вилоят оид ба ҳуқуқ ва вазифаҳои ваколатдори ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар корхонаҳо ва “Шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ)” дар корхонаҳои сохтмонӣ ва саноати масолеҳи бинокорӣ баромад намуданд.
Дар охир байни иштиродорон саволу ҷавоб доир гардида, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва маводҳои методӣ дастрас карда шуд.