Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 1 ноя. 2024
11.6°C

Худжанд

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – КАФИЛИ СУЛҲУ САОДАТ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – КАФИЛИ СУЛҲУ САОДАТ

16-ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзона нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Бақои миллат, пешравии давлат аз роҳбари миллатдӯст, ваҳдатсоз ва ташкилотчӣ вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст.

Дар поёни садаи бистум тоҷикон Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварданд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард. Дар ҷумҳурӣ ҳамон вақтҳо мухолифатҳои дохилӣ рӯи кор омаданду оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада буд. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаҳои мудҳиш марде давлатро ба даст гирифтанд, ки тамоми сифатҳои хуби инсониро дар худ доштанд. Ин мард, албатта Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истеъдоди фитрӣ, ҷасорату матонат, қобилияти сиёсии нотакрору барҷаста ҳанӯз аз замони ба сари қудрат омадан, яъне дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ кафили сулҳ, якпорчагӣ ва ваҳдати ҳақиқии халқҳои Тоҷикистон гардида, дар самти тартибу низоми давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфоии кишвар, рушди бемайлони иқтисодиёт, беҳбудии рӯзгори мардум хидматҳои шоён намудаанд. Пешвои муаззами миллат яке аз сиёсатмадорони дурандешу хирадманд ба шумор мераванд.

Сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат дар арсаи байналмилалӣ имконият дод, ки дар қатори дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа робитаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густариш ёфта, ба баландравии иқтидори мудофиавии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оранд.

Барои ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бепоён мебошад. Шараф ба абармарди бузурги миллат, ки чунин шароитҳои арзандаи зисту зиндагониро дар ҳамдастиву якдилӣ бо ҳаммаслаконашон барои мову наслҳои мо муҳайё сохта истодаанд. Азбаски тамоми иқдому пайкори Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз аз ватандориву ватанпарастӣ, созандагиву бунёдкорӣ, муҳайёсозии шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишоф, амнияту ободии халқу давлат шаҳодат медиҳанд, ҳар як фарди пиру барнои тоҷикистониро месазад, ки аз чунин Пешвои миллат ифтихор дошта бошанд, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осуда кунанд, баҳри ободии хонаводаву диёр ва кишвари хеш камари ҳиммат бубанданд. Дар партави сиёсати пешгирифтаи чунин марди бузурги миллат ва бо дуои неки падарону модарон ба қуллаҳои баланди мурод расанд.