ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА
Дар толори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят бахшида ба “Рўзи иттифоқҳои касаба – 24 октябр” чорабинии идона доир гардид. Дар ин чорабинӣ собиқадорони соҳа, фаъолон, меҳмонон ва кормандони Иттифоқҳои касабаи вилоят аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Шарифулло Абдуллозода – раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд иштирокдоронро бо Рўзи иттифоқҳои касаба табрик намуда аз фаъолияти иттифоқҳои касаба суханронӣ намуд. Аз ҷумла ў қайд намуд, ки боиси ифтихор ва сипосмандист, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пайваста барои боло бурдани сатҳи зиндагии сокинон, ҳамасола таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои навӣ корӣ ва тавассути он таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат бо ҷойҳои корӣ, гирифтани маоши арзанда ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии кормандон тадбирҳо андешида мешавад.
Муовини Раиси вилоят Зоҳидзода Даврон аз номи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти даквлатии вилоят ҳамаи иштирокчиёнро бо иди касбӣ табрику муборакбод намуда аз дастовардҳои Иттифоқҳои касаба сухан кард. Аз ҷумла қайд кард, ки дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо нақши ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд бо Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят хеле калон аст.
Ҳамчунин баҳри дар амал тадбиқ намудани “Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2021-2023” тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд ва минбаъд низ баҳри дар амал тадбиқ намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии иттифоқҳои касаба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо Иттифоқҳои касабаи вилоят ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Баъдан мудири Маркази бозомўзӣ ва такмили ихтисоси Шўрои иттифоқҳои касаба Маҷидзода Муҳаббат аз фаъолият ва дастовардҳои Марказ дар самти баланд бардоштани таёрии касбӣ, болоравии сатҳи дониши кормандони масъули ҳифзи меҳнат дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои вилоят, сухан кард.
Дар чорабинии мазкур озмуни вилоятӣ аз руйи намудҳои “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳифзи меҳнат” ва “Беҳтарин нозир (сарнозири)-и кумитаи вилоятии иттифоқи касаба” ҷамьбаст гардида, ба ғолибони озмунҳои мазкур диплом ва туҳфаҳои пулии Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят супорида шуд.
Аз ҷониби муовини Раиси вилоят Зоҳидзода Даврон ва раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода собиқадорони соҳа Зокиров Саидбой Зокирович ва Тошматов Далил Холиқович бо медали ҷашнӣ бахшида ба 90-солагии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин ба як қатор фаъолон ва шахсоне, ки барои болоравии ҳаракати иттифоқҳои касаба саҳми арзандаи худро гузоштанд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Шўрои иттифоқҳои касаби вилояти Суғд қадрдонӣ намуда, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамчунин ба 20 нафар собиқадорон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони номӣ чорабиниро ҳусни хотима бахшид.