ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Самизода Мӯсобек – раиси Иттифоқи касабаи командони маориф ва илми вилояти Суғд ва Шавкат Шарипов-устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок ва баромад намуданд.
Сарраввал Мӯсобек Самизода ҷамъомадро оғоз бахшида, зикр дошт, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рамзҳои давлатӣ, хусусан Парчам аҳамияти махсус дода, дар тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо боғи Парчам бунёд шуда истодааст, ки ин бешубҳа барои баланд бардоштани ҳиссӣ милливу ватандӯстии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Баъдан Шавкат Шарипов-устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Парчам – рамзи соҳибдавлатист” ва аз рӯзҳои нахустини қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ”, аз ҷумла Парчам маърӯза намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ 22 нафар фаъолони соҳа ва раисони ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои варзишӣ дастаи донишҷӯёни ДДҲБСТ, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.