Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Душанбе, 29 апр. 2024
10.6°C

Худжанд

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ  "ПАЁМ-РАҲНАМОИ МИЛЛАТ"

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ "ПАЁМ-РАҲНАМОИ МИЛЛАТ"

 Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд байни ҷомеа аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Паём-раҳнамои миллат" баргузор намуд.

Зимни баргузории аксия ба сокинон ва аъзои иттифоқи касаба вобаста ба дастуру супоришҳои ояндасози Паёми имсола оид ба омӯзиши самтҳои асосӣ маълумот дода шуда, ба намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон  маводи пурраи чопии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсим карда шуд.

Тавзеҳи нуктаҳои Паём байни аъзои иттифоқи касаба ва шаҳрвандон бо маром идома дорад.