Хизмат ба мардум - Саодати бузург!

Телефони боварӣ

Ҷумъа, 1 ноя. 2024
11.6°C

Худжанд

ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят бо иштироки муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода Исмоил Нарзӣ ва мудири шуъбаи иқтисодӣ- иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ – Юнусов Ҷамшед Собирович ҷаласаи корӣ бо роҳбарону фаъолони кумитаҳои соҳавии вилоятӣ ва кормандони дастгоҳи Шӯро баргузор гардид.

Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Ш.Б. ҳадафи баргузории ҷаласаро иброз намуда, оиди самтҳои гуногуни фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилоят ибрози ақида намуд.

Сипас, Файзизода И.Н. баромад намуда, оид ба корҳои ба анҷом расонидашудаи Иттифоқҳои касабаи вилоятро дар соли ҷорӣ ва дастуру супоришҳои раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро барои ҳозирин баён дошт.

Аз ҷумла, қайд намуд, ки дар бисёр самтҳои фаъолият Иттифоқҳои касабаи вилоят фаъолияти густурда доранд. Дар баробари ин оид ба вазифаҳои минбаъдаи ташкилотҳои ҳамузви Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят, таъмини иҷрои Созишномаҳои генералӣ ва минтақавӣ, иҷрои Қарорҳои Шўрои генералӣ ва ҷамъбасти бомуваффақонаи соли равон дастур ва пешниҳодҳои худро иброз намуд.

Дар фарҷом ба масъулини соҳаҳо пешниҳод гардид, ки ҷиҳати таҳияи ҳисоботҳо ва пешниҳоди он, таҳлили аниқи ҳисоботи оморӣ, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳо фаъолиятро густариш бахшанд.